китобатӣ — [کتابتي] :аломатҳои китобатӣ грам. маҷмӯи аломатҳо дар забони хаттӣ (аз қабили нуқта, вергул, нуқтавергул, аломатҳои суол, хитоб, баён ва ғ.), ки барои дуруст дарк кардани мазмуни матн ва бе ғалат хондани он хизмат мекунанд; забони китобатӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муқарнас — [مقرنس] а. меъ 1. навъи нақши барҷастаи гаҷӣ, ки барои ороиши тоқу сақфи гунбаз ва сари сутунҳо истифода мебурданд 2. тоқ ва деворе, ки бо ҳамин услуб аз гаҷ кандакорӣ шудаст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нутқ — [نطق] а 1. қобилияти сухан гуфтан, ба забон овардани калом, гапзанӣ; узвҳои нутқ узвҳои гуногуни инсон (аз қабили забон, ком, ҳалқ, садопардаҳо, забонча ва ғ.), ки бо иштироки онҳо овозҳои нутқ ба вуҷуд меояд 2. ҳунари сухангӯӣ; суханронӣ дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сабк — I [سبک] а 1. тарз, равиш 2. услуб, тарзи баён, тарзи ифодаи фикр II [سبک] а 1. қолаби рехтагарӣ 2. ба қолаб резондани филизи ҷӯшон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тарз — [طرز] тавр, тариқа, равиш; услуб; ба тарзе ки… чи тавре ки, … чунон ки… ба тарзи… ба тариқи…, ба таври… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таҳрир — [تحرير] а 1. навиштани чизе, ба қалам овардани чизе 2. дида баромадан ва ислоҳи чизи навишташудае аз ҷиҳати услуб, иборапардозӣ ва ғ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
услубшинос — [اسلوب شناس] олиме, ки бо таҳқиқи услубҳои забонӣ ва тарзи ифодаву воситаҳои бадеии асарҳои адабӣ машғул мегардад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
услубшиносӣ — [اسلوب شناسي] адш. илме, ки аз услубҳои забонӣ ва тарзи ифодаву воситаҳои бадеии асарҳо баҳс мекунад, сабкшиносӣ, стилистика … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ